Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавассути Қулма беш аз 4200 "Тангем" овардаанд


Тайи 6 моҳи фаъолияти гузаргоҳи Қулма дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Чин, тавассути ин гузаргоҳ беш аз 4 200 мошини мусофирбари навъи “Тангем” ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Хабаргузории “Авесто” аз қавли Меҳрафзун Меҳрафзунов, раҳбари идораи гумруки Бадахшон, навишт, ки дар маҷмӯъ имсол аз гузаргоҳи Қулма беш аз 1300 мошини борбар убур карда, ба Тоҷикистон наздики 35 000 тонна молу коло ворид кардаанд. Ӯ афзуд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ ҳудуди 7 миллион сомонӣ, муодили 2 миллион доллар, ба даст омадааст, ки аз нақша 30 дарсад бештар будааст.
XS
SM
MD
LG