Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви нави Шӯрои вазорати хориҷаи Тоҷикистон


Дирӯз дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон Озода Раҳмонова узви Шӯрои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъйин шуд. Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари идораи консули вазорати хориҷист. Дар ин ҷаласа қарори давлат дар мавриди таъсиси шабакаи нави телевизионии “Ҷаҳоннамо” низ тасвиб шуд. Ҳамчунин қарор шуда, ки консерваторияи миллӣ ба исми оҳангсози фақид Талабхӯҷа Сатторов номгузорӣ шуда, дар моҳи декабр 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил шавад.
XS
SM
MD
LG