Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои нахустин бор дар миёни муҳассилони синфҳои болоии мактабҳои ҳамагонӣ ва донишгоҳҳои Тотористон, ҷумҳурии мухторе дар ҳайати Русия санҷиши тиббие дар заминаи истеъмоли маводи мухаддир роҳандозӣ шудааст.

Ин маърака имсол дар ҳама мактабҳои миёнаи ин ҷумҳурӣ, ки як минтақаи ғолибан мусалмоннишин дар ҳайати Русия дониста мешавад, бо амри раиси ҷумҳурӣ Минтемир Шаймиев доир шуда дар қаламрави Федератсияи Русия бесобиқа дониста мешавад. Аммо тавре ба назар мерасад, вокуниши мардум ва наврасону ҷавонон ба ин амри ҳукумат на ҳамаро хушҳол кардааст.

Тирамоҳи имсол Ренат Газизуллин таҳсилро дар соли дуюми факултаи технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Қазон идома дод. Ва дар баробари дигар муқаррароти маъмулии таҳсил вай бояд аз санҷиши тиббӣ гузашта, собит кунад, ки маводи мухаддир истеъмол намекунад. Вай мегӯяд, ки мухолифи гузаштани чунин як санҷиш нест:

"Ин тадбир ба манфиати кор аст. Ба фикри ман, донишгоҳ баъдан мӯътодони маводи мухаддирро, агар худашон нараванд, аз таҳсил хориҷ мекунад. Ман намехоҳам, ки бо мӯътодон наздикӣ дошта бошам".

Аммо на ҳама муҳассилон бо Ренат ҳамфикр ҳастанд. Элмира Галиева, муҳассили Академияи фарҳанг ва ҳунари Тотористон дар сӯҳбат бо бахши Тотору Бошқирди радиои Озодӣ гуфт, ки донишҷӯён барои гузаштани ин санҷиш иҷборан сафарбар мешаванд, дар ҳоле, ки ин гуна корҳо бояд ихтиёрӣ сурат гирад.

"Мардум бояд ҳақи интихоб дошта бошанд, ки аз ин гуна санҷишҳо гузаранд ё на. На ҳама дар гурӯҳи мо омодаанд, ки аз ингуна санҷиш гузаранд. Дар оғоз мо онро чун як шӯхӣ қабул кардем, аммо баъд он як кори нофорам шуд".

Санҷиши мазкур мӯътодии ҷавонро ба маводҳои мисли бангу кӯкнор, амфетамин, ҳероин, метадон, кокаин ва дигар маводи махмуркунандаи тиббӣ мушаххас мекунад. Раиси ҷумҳурии Тотористон Минтемир Шаймиев аз ин маърака ситоиш карда гуфт, ки он боиси коҳиши шумори мӯътодон ва дар натиҷа, боиси солимтар шудани насил ҷавон мешавад. Мисли дигар манотиқи шӯравии собиқ, дар Тотористон ҳам дар миёнаҳои солҳои 1990-ум мӯътодӣ ба маводи мухаддир ба як дарди гӯё бедаво ва мушкили аввалиндараҷаи ҷавонони миллат табдил шуд.

Аслан гуфта мешавад, ки худи идеяи аз санҷиши мӯътодӣ гузаронидани муҳассилони донишгоҳҳо нав нест, соли гузашта чунин як пешниҳодро Юрий Лужков, мири шаҳри Маскав карда буд. Ҳарчанд барои роҳандозии он қабули қонуни вижа лозим меояд, аммо аллакай аз ин иқдом чанд сиёсатмадори рус ва мақомоти беҳдоштӣ тарадорӣ кардаанд.

Раҳбари идораи наркологияи Маскав Евгений Браун аз ин ташаббуси Шаймиев дастгирӣ кард ва гуфт: "Ин як фикри хуб аст. Зарурате барои анҷоми чунин як санҷиш тарзи зисти наврасонро ба танзим медарорад, онҳоро водор мекунад, ки ба фикр водор шаванд ва аз худ бипурсанд, ки чаро бояд даст ба нашъа зананд. Ин як навъ фишори ҷамъиятӣ буда паёмаш ин аст, ки мо намехоҳем фарзандонамон маводи мухаддир истеъмол кунанд".

Дар айни замон, масъулони ҳуқуқи башар ба эҳтиёт даъват карда гуфтаанд, ки дар ҷараёни ин санҷишҳо бояд қонунгузориву муқарароти зарурии кишвар ва баробар бо он, арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон риоя шавад. Бархе равоншиносон дар навбати худ огоҳ кардаанд, ки аз донишгоҳ хориҷ шудани донишҷӯёни мӯътод метавонад паёмадҳои нохуше барои шахсияти ин ҷавонон ба бор орад. Алберт Зарипов, як равоншиноси маркази мӯътодони собиқи маводи мухаддир мегӯяд:

"Ба назари ман ин санҷиш ҳеҷ бадие надорад. Дар сурати ироаи кӯмакҳои воқеӣ он метавонад хеле муфид бошад. Аммо бо назардошти муносибати ҷомеаи мо ба мӯътодони маводи мухаддир бояд дар назар дошт, ки дар оянда ҷавони аз донишгоҳ хориҷшуда метавонад дар миёни дигарон бо доғи сиёҳи мӯътод шинохта шавад. Ва баъди ин ояндаи ин ҷавонро тасаввур карда метавонед?".

Дар ҳоле, ки ҳанӯз барои натиҷагирии пурраи ин санҷиш ҳоло вақт лозим аст, аммо гуфта мешавад, ки аз миёни ҷавонҳои то имрӯз аз ин санҷиш гузашта шумори хеле ночизашон бо нишонаҳои мӯътодӣ ба қайд гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG