Пайвандҳои дастрасӣ

Ёздаҳ таркиши ҳамзамон дар Ҳиндустон


Полиси Ҳиндустон мегӯяд, бар асари 11 таркиш дар аёлати шимолушарқии Ассам имрӯз ба камияш 56 нафар кушта ва зиёда аз 300 тан захмӣ шудаанд. Масъулияти ин таркишҳои ҳамоҳангшударо, ки ҳамзамон дар чанд шаҳру русто ба амал омад, касе бар дӯш нагирифтааст. Ин минтақаи Ҳиндустон дар байни Бангладеш, Бутан, Чин ва Мянмар даҳсолаҳост дар маркази диққати ҷудоихоҳон аст ва дар гузашта Ҳинд ситезаҷӯёни исломии муқими Бангладешро масъули нооромиҳо донистааст.
XS
SM
MD
LG