Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии зиддиамрикоӣ дар пойтахти Сурия


Ҳазорон нафар бо раҳпаймоӣ дар хиёбонҳои Димишқ эътирози худро аз ҳамлаи чархболҳои Амрико ба як деҳаи Сурия дар наздикии марзи Ироқ баён доштанд. Тазоҳуркунандагон, аз ҷумла донишҷӯён ва кормандони давлатӣ аксҳои президенти Сурия Башор Асад дар даст бо доду фиғон хитобҳои зиддиамрикоӣ афканданд. Бо ҳарос аз эҳтимоли хушунат Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Димишқ имрӯз баста буд. Иёлоти Муттаҳида ҳодисаи ҳамла ба хоки Сурияро расман тасдиқ ва ташреҳ накардааст.
XS
SM
MD
LG