Пайвандҳои дастрасӣ

Соли гузашта сокинони Тоҷикистон яке аз сардтарин зимистонро пушти сар намуданд.

Дар ҳоле ки сармо ба 20 дараҷаи таҳти сифр баробар шуда буд, ҷумҳурӣ бо камбуди шадиди нерӯи барқу гази табиӣ рӯ ба рӯ шуд. Имсол ҳукумати Тоҷикистон саъй дорад, мардумро мутмаин созад, ки бӯҳрони энергетикии соли гузашта такрор нахоҳад шуд, вале аксари мардум ба ин ваъдаҳо зиёд бовар надоранд ва хотирнишон мекунанд, ки маҳдудсозии низоми таъмини нерӯи барқ қабл аз боридани барфи аввал ҷорӣ шудааст.

Сокини шаҳри Хуҷанд хонум Ҳанифа муаллимаи мактаб аст. Ӯ ва шавҳараш тамоми захираашонро барои харидани ҳезуму ангишт масраф кардаанд. Хонаводаи Ҳанифа дар як манзили сеҳуҷраии бинои панҷтабақа иқомат дорад, ки ба низоми гармидиҳии умумӣ пайваст мебошад. Вале ба гуфти Ҳанифа, аз солҳои навадуми асри гузашта ба ин тараф низоми гармидиҳӣ фаъол нест.

Мисли Ҳанифа аксари хонаводаҳои Тоҷикистон имрӯз дар фикри зимистонгузаронӣ буда, дар пайи харидории ҳезуму ангишт ва маводи ниёзи аввалия аз қабили орду биринҷ ва равғану картошка ҳастанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон аз сармо даҳҳо нафар ва мин ҷумла кӯдакон ба ҳалокат расида буданд. Ба гуфти баъзеҳо дар зоишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз сардӣ чандин навзод вафот намуданд.

Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад мардумро мутмаин намояд, ки зимистони оянда бӯҳрони энергетикии порсола такрор намешавад. Шарифхон Самиев раиси ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, имсол Тоҷикистон аз Туркманистону Узбакистон беш аз 1 миллиард киловат-соат нерӯи барқ ворид хоҳад кард.

Бар илова мақомоти Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки дар миёнаҳои моҳи ноябр агрегати сеюми нерӯгоҳи барқиву обии Сангтуда-1 тавлиди нерӯи барқро оғоз мекунад. Вале дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як идда сокинони Тоҷикистон таъкид карданд, ки чунин ваъдаҳо дар гузашта ҳам кам набудааст.

Аллакай дар Тоҷикистон режими маҳдуди таъмини нерӯи барқ амал мекунаду баъзе деҳот ҳамагӣ ду соат дар як шабонарӯз аз нерӯи барқ баҳрбаманд мебошанд. Ахиран мақомоти кишвар ваъда доданд, ки шаҳрҳои муҳимро бидуни маҳдудият аз нерӯи барқ таъмин хоҳанд кард.

Аслан дар Тоҷикистон якчанд шаҳру корхона, биноҳои ҳукумативу шифохонаҳо ба рӯйхати иншооти стратегӣ шомил буда, бояд аз нерӯи барқ бидуни маҳдудият таъмин бошанд. Вале то ҳанӯз маълум нест, ки ин ӯҳдадорӣ то куҷо иҷро хоҳад шуд. Бисёре аз сокинони Тоҷикистон бинобар камбуди барқу гармӣ тарзи зиндагиашонро тағйир додаанд.

Рӯзноманигори тоҷик бо номи Мирзо мегӯяд, дар хонаҳои сарду торик кореро ба сомон расонидан мумкин нест. Ӯ тасмим гирифтааст дар манзилаш табақаи 12-уми бинои истиқоматӣ дар минтақаи Зарафшони пойтахти Тоҷикистон бухорӣ ё худ печка гузорад. Бародари Мирзо, ки дар муҳоҷирати корӣ мебошад, падару модарашонро ба шаҳри Тюмени Русия интиқол додааст. Шароити зиндагӣ дар ин шаҳри Сибир зиёд хуб нест, вале ба гуфти Мирзо умедаст, ки дар он ҷо волидайнашон як намекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG