Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии навбатӣ ба сулҳи Қарабоғи кӯҳӣ


Вазири умури хориҷии Арманистон Эдуард Налбандян мегӯяд, гуфтушунидҳои марбут ба Қарабоғи кӯҳӣ ба як марҳалаи бисёр муҳим ворид шудаанд. Қарор аст, мулоқоти ҳайатҳои Арманистону Озарбойҷон таҳти сарпарастии президенти Русия, Дмитрий Медведев рӯзи якшанбе дар Маскав ба амал ояд. Қарабоғи кӯҳӣ бо аҳолии армантабораш дар оғози солҳои навадум садаи гузашта аз Озарбойҷон ҷудо шуд ва то ҳол сарнавишти он номаълум боқӣ мондааст. Вазири Арманистон гуфт, пас аз мулоқоти Маскав раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисян ба Порис меравад, то масъалаи Қарабоғро бо президенти Фаронса Николас Саркозӣ баррасӣ кунад. Ҳамроҳ бо Иёлоти Муттаҳида Фаронса ва Русия ҳамраисони созмони миёнравони сулҳи Қарабоғи кӯҳӣ, мавсум ба гурӯҳи Минск мебошанд.
XS
SM
MD
LG