Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши 31 миллиард доллар аз хазинаи Русия


Бонки марказии Русия имрӯз хабар дод, ки захираҳои арзи хориҷияш дар як ҳафтаи гузашта 31 миллиард доллар кам шудааст. Ба изҳороти бонк, ҳафтаи гузашта ин пасандоз аз 515 миллиарду 700 миллион доллар ба 484 миллиарду 700 миллион доллар поин омад ва коҳиш 6 дарсадро ташкил дод. Ба шарофати нархи нафт Русия соҳиби бузургтарин захираи пули хориҷӣ пас аз Ҷопон ва Чин буд.
XS
SM
MD
LG