Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи занони тоҷик ба варзиш


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо хабарҳои тоза аз мусобиқоти ҷаҳонӣ оғоз мешавад.

Сипас, дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба каратэ-до барои дарёфти Ҷоми Тетсуо Сато, яке аз поягузорони ин навъи варзиш, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, инчунин, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов нақл мекунем.

Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова, собиқ қаҳрамони ҷаҳон, дар бораи вазъи варзиш байни занони кишвар.

Ва дар охири барнома дар бораи ширкати дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 31 октябр то 14-уми ноябр дар Арабистони Саъудӣ доир мегардад, маълумот медиҳем.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG