Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар як шаб барои таблиғ 4 миллион$ сарф кард


Барак Обама, номзади Ҳизби демократ ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико шаби гузашта барои пахши як навори нимсоатаи таблиғотиаш тавассути 3 шабакаи бузурги телевизионии CBS, NBC ва Fox чанд миллион доллар сарф кардааст. Бино ба хабарҳо, ҳазинаи умумии нашри ин навор дар ин 3 шабака ва расонаҳои дигари телевизионӣ тақрибан 4 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, рақиби Обама аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон МакКейн дирӯз қобилият ва таҷрубаи ӯ дар амри аз терроризм дифоъ кардани Амрикоро зери суол бурд ва Барак Обамаро айбдор кард, ки мехоҳад сарвати Амрикоро ба мардуми фақир тақсим кунад. Интихоботи президенти Амрико рӯзи 4 ноябр доир мешавад.
XS
SM
MD
LG