Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Амрико дар Димишқ имрӯз баста мешавад


Амрико гуфт, сафораташ дар Димишқ, пойтахти Сурия имрӯз ба далели нигарониҳои амниятӣ баста хоҳад шуд. Амалиёти шоми якшанбе дар шарқи Сурия, ки Димишқ масъулияташро ба Амрико бор кардааст, мунҷар ба таниши навбатӣ дар равобити Вошингтон бо Димишқ шудааст. Димишқ мегӯяд, ҳамлаи шоми якшанбе ба як русто дар наздикии марз бо Ироқ мунҷар ба ҳалокати 8 ғайринизомӣ шуд. Амрико дахолаташ дар он ҳамларо расман эътироф накардааст, вале мақомҳои амрикоӣ, бидуни бурдани ном, гуфтаанд, ки ҳадафи амалиёт раҳбари шабакаи қочоқи ҷангиён ба Ироқ буд. Сурия дар посух як мактаби амрикоӣ ва маркази фарҳангии Амрико дар Димишқро баста, аз Шӯрои Амнияти СММ хост, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамалоти бештари Амрико ба хоки Сурия иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG