Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Украина қонунҳои лозимро қабул кард


Парлумони Украина қонунҳои лозим барои дарёфти қарзи 16,5 – миллиарддолларии Сандуқи байналмилалии пулро дар қироати аввал қабул кард. Дирӯз раиси бонки марказии Украина Володимир Стелмах ҳушдор дод, ки дар ғайри сурати дарёфти қарзи Сандуқи пул, бонкҳову ширкатҳои Украина тавони пардохтани қарзҳои хориҷии худро аз даст дода, ба дефолт, ё худ расвоии молӣ, рӯбарӯ хоҳанд шуд. Қироати дуввум ва ниҳоии ин қонунҳо дар Верховни Рада имрӯз сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG