Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни заминларзаи Покистон 160 шуд


Теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларзаи шадиди субҳи чоршанбе дар ҷануби ғарби Покистон ба дасти кам 160 нафар расид. Мақомот мегӯянд, то кунун аз зери овор аҷсоди 160 нафарро берун овардаанд. Қудрати заминларзаи дирӯза дар Покистон, тибқи ҷадвали Рихтер, 6,2 балл баровард шуда, маркази зилзила дар 60-километрии Кветта, маркази маъмурии вилояти Балуҷистон будааст.
XS
SM
MD
LG