Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш ба ояндаи паймони амниятӣ бо Ироқ мутмаин аст


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш баъд аз мулоқоташ бо раҳбари Курдистони Ироқ Масъуди Боризонӣ дар Вошингтон гуфт, мутмаин ҳаст, ки паймони амниятӣ бо Ироқ дар ниҳоят тасвиб хоҳад шуд. Ин қарордоди амниятӣ шароити ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқро барои 3 соли оянда таъйин мекунад. Давлати Ироқ дар ин ҳафта ба сарвазир Нурӣ Моликӣ ваколат дод, ки музокироти ин қарордодро бо Вошингтон аз сар бигирад. Бағдод хостори бознигарии чанд банди ин паймон ва аз ҷумла мухолифи истифодаи қаламраваш барои анҷоми ҳамалот болои кишварҳои севвум аст.
XS
SM
MD
LG