Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Амрико дар Димишқ шояд баста шавад


Сафорати Амрико дар Димишқ бо нашри як баёния гуфт, дар пайи амалиёти шоми сешанбе дар шарқи Сурия, ки Димишқ масъулияташро ба Амрико бор кардааст, шояд баста шавад. Ин баёния мегӯяд, сафорати Амрико дар Сурия метавонад барои як давраи номуайян баста шавад. Димишқ мегӯяд, ҳамлаи шоми якшанбе ба рустои Сукаррия дар наздикии марз бо Ироқ мунҷар ба ҳалокати 8 ғайринизомӣ шуд. Як мақоми амрикоӣ, бидуни бурдани ном, гуфт, бовар меравад, ки дар натиҷаи ин амалиёт як фарди Ал-Қоида кушта шудааст. Сурия рӯзи сешанбе аз Шӯрои Амнияти СММ хост, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамалоти бештари Амрико ба қаламраваш иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG