Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

125 миллиард$ барои наҷоти 9 бонк масраф хоҳад шуд


Вазорати дороии Амрико гуфт, дар чаҳорчӯби барномаи 700-миллиарддолларии наҷоти низоми молии кишвар 125 миллиард долларро дар 9 бонки тиҷоратӣ хоҳад гузошт. Аз ҷумла, Citigroup, JP Morgan Chase ва Wells Fargo ҳар кадом 25-миллиарддолларӣ, Bank of America – 15 миллиард ва Merrill Lynch 10 миллиард доллар дарёфт мекунанд. Дар маҷмӯъ, барои наҷоти бонкҳои Амрико иттихози 250 миллиард доллар дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG