Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати ИМА дар Димишқ муваққатан баста мешавад


Иёлоти Муттаҳида шояд сафорати худ дар Димишқро муваққатан бандад. Гуфта мешавад, ки ин тасмим - посух ба бастани Маркази фарҳагии Амрико ва мактаби амрикоӣ дар пойтахти Сурия хоҳад буд. Мақомоти Сурия дар бораи бастани Маркази фарҳангӣ ва мактаби амрикоӣ баъд аз он тасмим гирифтанд, ки рӯзи якшанбе нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ба қаламрави Сурия ворид шуда амалиёти низомӣ доир карданд, ки бар асари он 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории давлатии САНА иттилоъ дод, ки дар робита ба ин ҳодиса Димишқ ба Дабири Кулли СММ Пан Ки Мун эътирози расмӣ ирсол кардааст. Қаблан як мақоми Пентагон бидуни ифшои ному насабаш гуфта буд, ки ҳадаф аз амалиёт дар Сурия аз байн бурдани як мусаллаҳи “Ал-Қоида” буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG