Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилаинфиҷорҳо дар Сомалӣ


Бар асари силсилаинфиҷорҳои маргталабона дар шимоли Сомалӣ дасти кам 28 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 40 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Панҷ таркиши тақрибан ҳамзамон дар шаҳрҳои Ҳаргейса ва Боссасо рух доданд. Гуфта мешавад, ки дар канори бинои дафтари СММ, қасри раҳбари устон ва сафорати Ҳабашистон дар Ҳаргийса, маркази минтақаи Сомалилэнд дасти кам 25 нафар кушта шуданд. Зимнан, мақомоти Сомалилэнд ҳукумати марказии Могадишоро эътироф намекунанд. Дар ду инфиҷори дигар дар минтақаи мухтори Пунтлэнд се нафар кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG