Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби низомномаи манотиқи озоди иқтисодӣ


Нишасти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Нишасти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низомномаи манотиқи озоди иқтисодӣ дар кишварро ба тасвиб расонд.

Бар пояи ин санад, қисмате аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар вилояти Суғд ва ҳамин тавр бахше аз ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳияи Қумсангир расман минтақаҳои озоди иқтисодӣ эълон шуданд. Гуфта шуд, ки интихоби ин ду мавзеъ ба далели муносиб ва мувофиқ буданашон ба меъёр ва талаботи «минтақаи озоди иқтисодӣ» сурат гирифтаст.

Ду минтақаи озоди иқтисодӣ - яке бо номи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар қисмати шимол ва дуввум минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар ҷануби Тоҷикистон - ба таври расмӣ таъсис ёфтанд. Санади ҳуқуқӣ дар ин замина дар иҷлоси навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Мубинҷон Қаюмов, узви Кумитаи иҷтисоду буҷа ва молия дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки меъёрҳои низомномаи ин ду минтақаро тавзеҳ мекард, гуфт, таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ як такони ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисоди кишвар, воридоти сармоя, содироти амвол, фаровонии маҳсулоти ниёзи мардум мешавад ва гузашта аз ин бар таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Оқои Қаюмов афзуд, ки минтақаи озоди иқтисодӣ дар шимоли ҷумҳурӣ дар масоҳати 320 ва дар ҷанубу ғарби шаҳри Хуҷанд ва дар майдони чаҳорсад ҳектор дар ноҳияи Қумсангир дар ҷануби кишвар ташкил меёбад, ки дар сохтори идориву маъмурӣ дорои мақом ва мавқеи хос хоҳад буд ва ба муддати 25 сол пешбинӣ мешавад

Дар ҳамин ҳол бархе аз вакилони Маҷлис, аз ҷумла Мусайябшо Назриев, ин суолро матраҳ карданд, ки сарнавишти минбаъдаи иншоот ва муассисоти мавҷуд дар қаламрави ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ чӣ хоҳад шуд.

Амонулло Ашӯр, муъовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ки ба намояндагӣ аз ҳукумат дар баробари вакилони Маҷлис сӯҳбат мекард, гуфт, ба ҳангоми таҳияи низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамаи ин масоил. аз ҷумла идомаи фаъолияти муассисот ва иншоотҳои мавҷуда, ҳалли худро пайдо карда ва касе дар пайи таъсиси ин манотиқ зарар нахоҳад дид.

Бар асоси муқаррароти низомномаи фаъолияти манотиқи озоди иқтисодӣ, дар қаламрави ин манотиқ роҳандозӣ ва пахши барномаҳои радиоӣ ва телевизион аз сӯи ниҳод ва ё субъектҳои алоҳида мамнӯъ эълон шудааст аст.

Амонулло Ашӯр, муъовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гуфт, ки тарҳи таъсиси сохтор ва ҳайати кории минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳукумати кишвар омода шудааст ва интизор меравад, роҳбарони ин минтақаҳо низ дар наздиктарин ҷаласаи ҳукумат таъйин шаванд.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар минтақаи озоди иқтисодӣ дар вилояти Суғд таваҷҷӯҳи бештар ба умури саноат ва дар ҷануб ба рушди арсаҳои кишварзӣ ва чорводорӣ дода мешавад. Интихоби ин ду минтақа аз он ҷиҳат судманд дониста шудааст, ки шаҳри Хуҷанд бо Узбакистону Қирғизистон наздикӣ ва имконоти бештари ҳамкорӣ дорад. Вале ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон метавонад тавассути пули бузурги фарози рӯдхонаи Панҷ бо Афғонистон ва ҳамин тавр Покистону Эрон шароити осон ва арзони ҳамлу нақли колоро фароҳам кунад. Ба ин далел, афзуд муовини вазири рушди иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, барои тоҷирин ва атбои хориҷие, ки нияти кору зиндагӣ дар ин манотиқро доранд, шароити соддаи дарёфти раводид ва имтиёзҳои вижа пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки ҳамчунин дар ояндаи наздик боз ду минтақаи озоди иқтисодӣ дар вилояти Бадахшон ва дар вилояти Хатлон таъсис дода шавад.

XS
SM
MD
LG