Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Васит ба ихтиёри нерӯҳои ироқӣ гузашт


Ҳайати фармондеҳии ИМА дар Ироқ назорати вилояти Васит, воқеъ дар марз ба Эронро ба ихтиёри мақомоти ироқӣ гузошт. Акнун низомиёни амрикоӣ фақат Бағдод ва чаҳор вилояти шимолии Ироқро таҳти назорат доранд. Ба ихтиёри мақомоти маҳаллӣ вогузоштани вилоят маънии онро дорад, ки аз ин ба баъд низомиёни амрикоӣ ба гашти шаҳру деҳоти минтақа ва кофтукоби манзилу муассисаҳо хотима мегузоранд. Онҳо фақат дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ метавонанд дар амалиётҳои ҷудогонаи низомӣ ширкат кунанд.

Ҳафтаи гузашта назорати вилояти ҷанубии Бабил ба ихтиёри мақомоти ироқӣ гузашта буд. Зимнан, як бахши қаламрави вилоят мансуби, ба истилоҳ “секунҷаи марг” буд ва дар он ҷо ошубгарон озод амал мекарданд.
XS
SM
MD
LG