Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни заминларза ба 160 нафар расид


Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар устони Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон афзоиш меёбад. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, айни ҳол наҷотбахшон аз зери харобаҳо ҷасади 160 нафарро берун кардаанд ва аммо ҳадс зада мешавад, ки ин теъдоди ниҳоӣ нест.

Тавре хабар дода будем, заминларзаи баробар бо 6,4 дараҷаи ҷадвали Рихтер дар навоҳии Зиёрат ва Пишин, воқеъ дар 60 километрии ҷануби шаҳри Кветта рух дод. Бар асари ин офат садҳо манзил фурӯ рехтаанд. Корҳои наҷотбахшӣ дар минтақаи офати табиӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG