Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеул низомиёнашро аз Ироқ берун мекашад


Кореяи ҷанубӣ то рӯзи 20 декабр нерӯҳои худро аз Ироқ берун мекунад. Дар ин бора вазорати дифоъи кишвар хабар дод. Соли 2004-ум Сеул ба Ироқ 3600 низомии худро фиристода буд ва Кореяи ҷанубӣ аз рӯи теъдоди афсарону сарбозони ворид ба амалиёти зиддитеррор баъд аз ИМА ва Бритониё дар ҷойи саввум қарор дошт. Айни ҳол дар Ироқ фақат 650 низомӣ аз Кореяи ҷанубӣ боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG