Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиҳо ба Эрон силоҳ мефурӯшанд


Мақомоти ИМА аз афзоиши далелҳои фурӯши ғайриқонунии силоҳ, таҷҳизоти низомӣ ва технологияи амрикоӣ ба кишварҳои рақиб, аз ҷумла, Эрон иттилоъ доданд. Хабаргузории Assosiated Press бо такя ба вазорати адлияи ИМА навиштааст, аз 145 фард ва ширкате, ки соли гузашта дар содироти ғайриқонунӣ муттаҳам шудаанд, 43 дар садашон бо Эрон ва Чин сару кор доштаанд. Ёвари вазири адлияи кишвар Патрик Роуан изҳор намуд, авлавияти фаъолияти хадамоти вижаи Амрико – ҷилавгирӣ аз содироти силоҳу таҷҳизоти низомӣ ба мамоликест, ки метавонанд ба амрикоиҳо ва ҳампаймонҳои онҳо осеб расонанд.

XS
SM
MD
LG