Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти қаҳрамонии бокси Тоҷикистон, ки дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати 99 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва шаҳри Душанбе тӯли 5 рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Саркотиби ин мусобиқа Мирзо Шамсиев ба Радиои Озодӣ гуфт,

дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ 6 варзишгари шаҳри Душанбе, 4 муштзани вилояти Хатлон ва як намояндаи вилояти Суғд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Вай афзуд, чаҳор нафар – Комил Лашкаров, аз шаҳри Кӯлоб (дар вазни то 51 кг) ва муштзанҳои Душанбе Парвин Сатторов (то 57 кг), Умар Мақсудов (то 69 кг) ва Пӯлод Фаттоев (беш аз 91 кг) барои аввалин бор бо медалҳои тиллои мусобиқот мукофотонида шуданд.

Инчунин душанбегиҳо Анвар Юнусов (то 54 кг), Баҳодур Каримов (то 60 кг) ва Акмал Ҳаитов (то 91 кг), кӯлобиҳо Комил Холиқов (то 64 кг) ва Муҳаммадтоҳир Абдураҳимов (то 81 кг), Муродҷон Расулови хуҷандӣ (то 48 кг) ва Ҳамид Отаҷонови қӯрғонтеппагӣ (то 75 кг) дар вазни худ ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ба иттилоъи Мирзо Шамсиев моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Русия Ҷоми ҷаҳон баргузор мешавад. Дар он муштзанҳое ширкат меварзанд, ки дар Олимпиадаи Пекин ҷойҳои аз 1-ум то 8-умро касб карда буданд. Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳон Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG