Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сарбози қисми марзбонӣ, як корманди милиса ва як соҳибкор барои ҳамдастӣ дар убури ғайриқонунии марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ва қочоқи мол дар минтақаи Бадахшон муттаҳам шуда, парвандаи айбдорӣ барои баррасӣ ба додгоҳи гарнизони ҳарбии Хоруғ ирсол шудааст.

Бино ба иттилоъи раёсати оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин гурӯҳи ҷиноӣ ҳангоми ба таври қочоқ ворид намудани миқдори зиёди сигори беаксиз бо автомашинаи борбари «Камаз» тавассути пули болои рӯдхонаи Панҷ, воқеъ дар маҳалли Лангари ноҳияи Ишкошим, боздошт гардидааст.

Ба гуфтаи сардори раёсати оҷонсӣ дар Бадахшон Юсуф Назаршоев, дар сурати ба бозор бидуни аксиз ва пардохти гумрукӣ ворид шудани моли қочоқӣ зарари расида ба буҷаи давлат зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медод.

Пули маҳалли Лангар - саввуми пули болои рудхонаи Панҷ дар минтақаи Бадахшон соли гузашта, ба мақсади ташкили бозори марзӣ дар назди он сохта шуда, аммо бо сабабҳои номаълум мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани он ба таъхир афтодааст. Раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосим гуфт, ки ахиран барои боз шудани пул мақомот ризоияти кули идораҳои зиддахл ба ғайр аз раёсати амниятро дарёфт намудаааст.

Алҳол ин пул танҳо аз ҷониби дастаи марзбонони кумитаи сарҳадоти давлатӣ муроқибат мешавад ва, ба гуфтаи мутахассисони раёсати назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, эҳтимол меравад, аз ин пайроҳаи қочоқӣ борҳо истифода шудааст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин мутахассисон, ба гумон аст, ки сарбозон бе огаҳӣ ва супориши афсарон ба қочоқбарони мол ҳамдаст шуда бошанд.

Ба сарбозон корманди шӯъбаи корҳои дохилаиноҳия ва соҳибкор - сокини Душанбе барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, қочоқ ва сӯистифода аз ваколати хидматӣ айб эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ баҳси парвандаи се айбдошаванда - ду шаҳрванди Афғонистон, ки ба убури ғайриқонунии марз ва як хизматчии дидбонгоҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон , ки барои мусоидат ба ин ашхос барои марзшиканӣ ва сӯистифода аз ваколати хидматӣ муттаҳам шудаанд, идома дорад.

Аммо шаҳрвандони афғонистонӣ дар ҷараёни мурофиъа исрор варзиданд, ки онҳо бо ишораи дасти як муовинини сардори дастаи марзбонӣ, ки ба назди соҳил омада, онҳоро ба тарафи дигири соҳил даъват кардааст ва ҳамакнун ба ҳайси шоҳид дар мурофиъа ширкат доштааст, марзро убур намудаанд.

Муъовини додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ А. Маъруфхонов изҳор дошт, ки ин ҳолатҳои барои тафтишот нав дар ҷараёни мурофиа зуҳур намуда додситонӣ пас аз аз хулосаи додгоҳӣ тасмим хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол як сол қабл муовини сардори қисми марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз, бар асари як даргирӣ ва дар ҳолати номаълум бо гурӯҳи марзшиканони Афғонистон ба ҳалокат расид. Баррасии ин парвандаро бинобар бинобар аз ваколати доситони ҳарбии гарнизони Хоруғ берун будан доситони ҳарбии ҷумҳуриявӣ анҷом додаст.

XS
SM
MD
LG