Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгустари амрикоӣ иттиҳомро зери суол гузошт


Додгустари низомии ИМА ҳукм баровард, ки эътирофи ҷурм дар назди мақомоти Афғонистон ҳамчун шаҳодат дар ҷараёни муҳокимаи як фарди муттаҳам бо терроризм дар пойгоҳи Гуантанамо истифода нашавад.

Додгустар колонел ё худ полковник Стивен Ҳенлӣ гуфт, ки Муҳаммад Ҷавод зери фишори ҷисмониву таҳдид ба марг ҷурмро эҳтироф кардааст, ки онро метавон ҳамчун эътирофи зери шиканҷа арзёбӣ намуд.

Ҷавод бо он муттаҳам мешавад, ки моҳи декабри соли 2002-ум бо партоби норинҷак ду сарбози амрикоиро маҷрӯҳ кардааст. Он замон синни Ҷавод аз 20-сола поин буд.

Додгустари низомии ИМА мегӯяд, манбсадорони мусаллаҳи афғон ба Ҷавод таҳдид карданд, ки агар ӯ гуноҳро ба гардан нагирад, онҳо аҳли оилаашро ба қатл мерасонанд.

Баъди эътирофи ҷурм Ҷаводро ба низомиёни ИМА таслим намуданд ва билохира ӯ ба маҳбаси Гуантанамо интиқол ёфт.

Вакили мудофиаи майор Дейвид Фракт ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфт, ки ҳукми додгустар иддаои додситонҳоро зери суол мегузорад. Муҳокимаи Ҷавод бояд дар моҳи январи сиоли оянда шурӯъ шавад.

XS
SM
MD
LG