Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 30 нафар дар заминларзаи Покистон


Бино ба гузоришҳои расида, субҳи имрӯз бар асари як заминларзаи шадид дар ҷанубу ғарби Покистон, дар наздикии марз бо Афғонистон, беш аз 30 кас кушта ва шумори зиёде аз мардум маҷрӯҳ шудаанд. Ҳалокати мардум бар асари ин офати табиӣ дар минтақаҳои Зиёрат ва Пишини вилояти Балуҷистон рух додааст. Пишин дар наздикии Кветта, маркази Балуҷистон, воқеъ мебошад. Бино ба хабарҳо, зилзила ҳамчунин теъдоди зиёди манозилро тахриб кардааст. Бар асоси маълумоти Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Амрико, қудрати заминларзаи субҳи имрӯз дар Покистон тибқи ҷадвали Рихтер, 6,2 бал баровард шуда, маркази он дар тақрибан 70-километрии Кветта ва 185-километрии Қандаҳори Афғонистон будааст.
XS
SM
MD
LG