Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марадона мураббии тими Аргентина хоҳад шуд


Бино ба хабарҳо, интизор меравад, ки ситораи маъруфи футбол Диего Марадона сармураббии тими миллии Аргентина таъйин шавад. Марадона дирӯз ин мавзӯъро бо раҳбарони Иттиҳодияи футболи Аргентина баррасӣ карда, интизор меравад, рӯзи панҷшанбе дар зодрӯзаш, ки 48-сола мешавад, раҳбарии тими миллиро бар ӯҳда бигирад. Тими Аргентина соли 1986 бо шарофати бозии беҳамтои Марадона унвони қаҳрамони футболи ҷаҳонро ба даст оварда, соли 1990 низ ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфта буд. Аммо баъд аз ин комёбиҳои бузург, Марадонаро солиёни бебарорӣ, маризиҳо ва ҳатто иттиҳоми мӯътодӣ ба маводи мухаддир дунболагирӣ мекард. Марадона дар симати мураббии тими Аргентина Алфио Базилеро иваз мекунад. Базиле ду ҳафта пеш ба дунболи аз тими Чилӣ шикаст хӯрдани тими Аргентина истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG