Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии парлумони Украина дар амри ислоҳи қонунҳо


Верховний Рада, парлумони Украина, рӯзи сешанбе низ ба далели ихтилофи назарҳои сиёсӣ натавонист ислоҳоти лозими қонунгузорӣ ба хотири дарёфти бастаи шонздаҳуниммиллиарддоларии қарзи боимтиёзи Сандуқи байналмилалии пулро тасвиб кунад. Раиси парлумон Арсений Ятсенюк гуфт, Вероховни Рада рӯзи чоршанбе барои баррасии ин масъала дигарбора гирди ҳам хоҳад омад. Сандуқи байналмилалии пул дар ҳафтаи гузашта ба ихтисоси ин маблағи бузург барои кӯмак ба Украина дар роҳи рафъи асароти бӯҳрони молӣ усулан ризоият дод, вале гуфт, ин қарзи дусола танҳо баъд аз ислоҳи қонунҳои бонкдории Украина дар ихтиёри Киев қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG