Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Исроил моҳи феврал доир мешавад


Ҳило Мизрачӣ, сухангӯи Кнессет, парлумони Исроил, гуфт, тинтихоботи ҷадиди парлумони Исроил дар миёнаҳои моҳи феврал ва эҳтимолан рӯзи 10 феврал баргузор хоҳад шуд. Вале ӯ афзуд, ки аъзои парлумони кунунӣ метавонанд баргузории интихоботро то як ҳафта ба таъхир гузоранд. Раҳбари ҳизби ҳокими Кадимаи Исроил Зипӣ Ливнӣ рӯзи якшанбе дар пайи нокомии талошҳояш ҷиҳати ташкили эътилофи ҳоким тадвири интихоботи ҷадидро пешниҳод кард.
XS
SM
MD
LG