Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангсор шудани як зан дар Сомалӣ


Исломгароён дар кишвари африқоии Сомалӣ шоми душанбе як зани 23-солаи муҷрим дар хиёнат ба шавҳарро дар мазҳари ом сангсор карданд. Дар ду соли охир ин нахустин мавриди бо чунин шева ва дар ҷамъи мардум эъдом кардани муҷримин бо дасти ҷангиёни исломӣ будааст. Сангсори ин зан дар бандари Кисмаю, ки аз моҳи август таҳти тасарруфи ҷангиён қарор дорад, дар пеши чашми садҳо нафар сурат гирифта, ба гуфтаи шоҳидон, тирандозии ҷангиён болои издиҳоми хешовандони ин зани гирён мунҷар ба ҳалокати як кӯдаки дигар низ шуд.
XS
SM
MD
LG