Пайвандҳои дастрасӣ

“Christian Science Monitor” интернетӣ хоҳад шуд


“The Christian Science Monitor” эълон кард, ки аз байни рӯзномаҳои бузурги Амрико нахустин шуда, чопи рӯзонаашро қатъ мекунад ва ба далели мушкилоти молӣ рӯи сомонааш дар Интернет тамаркуз хоҳад кард. Сардабирони ин нашрияи чопи Бостон мегӯянд, аз моҳи апрели соли оянда танҳо нашри ҳафтаномаии “Monitor” боқӣ хоҳад монд. Ин нашрия, ки ҳанӯз 100 сол пеш таъсис ёфта буд, дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта бо теъдоди 230 000 нусха ба нашр мерасид, вале акнун теъдоди нашраш ба ҳадди 50 000 нусха коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки ҳар моҳ аз сомонаи интернетии “The Christian Science Monitor” то 5 миллион нафар дидан мекардаанд.
XS
SM
MD
LG