Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии як паноҳҷӯи афғон дар Душанбе


Муҳаммадвазир, як паноҳҷӯи афғон, дирӯз дар назди идораи СММ дар Душанбе даст ба гуруснанишинии эътирозӣ зад. Муҳаммадвазир гуфт, ки мехоҳад бо аҳли хонаводааш ба ягон кишвари севвум паноҳ бубарад, вале ним сол мешавад, ки идораи паноҳандагони Созмони Милал ба ин дархости ӯ расидагӣ накардааст. Аммо намояндагии идораи паноҳандагон дар Тоҷикистон иҷрои дархости ин паноҳҷӯи афғонро дар ҳоли ҳозир ғайримумкин хондааст. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, дар соли ҷорӣ ба идораи паноҳандагон дар Тоҷикистон беш аз 1000 паноҳҷӯи афғон муроҷиат кардаанд, ки ин рақам назар ба соли гузашта ду маротиба бештар будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG