Пайвандҳои дастрасӣ

Магомаев дар Боку макони охират пайдо мекунад


Ин бегаҳ ҷасади овозхони маъруф Муслим Магомаев аз Маскав ба зодгоҳаш Озарбойҷон интиқол дода шуд. Имрӯз ҳазорҳо нафар дар толори консертии ба номи Чайковский дар Маскав бо Муслим Магомаев видоъ карданд. Ҷанозаи овозхони маъруф фардо дар Боку ба хок супурда мешавад.

Муслим Магомаев субҳи рӯзи шанбе дар синни 67 солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Маскав дунёро падруд гуфт. Ба иттилоъи расмӣ, чанд моҳи ахир овозхон шадидан мариз буд. Муслим Магомаев аз маъруфтарин ҳунармандони шӯравии собиқ маҳсуб мешуд ва ҳанӯз дар овони ҷавонӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда буд. Соли 1973, замоне, ки ҳамагӣ 31 сол дошт, ба Магомаев унвони “Ҳунарманди мардумии СССР” эҳто гардид.

XS
SM
MD
LG