Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири нав дар Гурҷистон


Раёсати кобинаи вазирони Гурҷистон дар дӯши Григол Мгалоблишвилӣ вогузошта шуд.

Михаил Саакашвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон раиси ҳукумат Ладо Гургенидзеро ба истеъфо фиристод ва номзадии сарвазири навро ба порлумони кишвар пешбарӣ кард.

Григол Мгалоблишвилӣ, ки 35-сола дорад ва бахши ховаршиносии Донишгоҳи Тифлисро хатм кардаст, солҳои ахир сафири Гурҷистон дар Туркия, Албания ва Боснияву Ҳерсеговина буд.

Михаил Саакашвилӣ дар мулоқот бо раҳбарони порлумон изҳор намуд, ки сарвазири нав рӯзҳои наздик бояд ҳайъати нави ҳукуматро мушаххас ва порлумон пешниҳод кунад ва ҳамчунин бо вакилони порлумон, фраксияҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву кумитаҳо мулоқот биорояд. Ӯ афзуд, ки “муаррифии ҳукумати нав ба порлумон чанд моҳ пеш тарҳрезӣ шуда буд ва аммо таҷовузи Русия онро ба таъхир гузошт”. Ҳамзамон, Михаил Саакашвилӣ дар як суханронӣ аз тариқи телевизион аз фаъолияти ҳукумати сарвазири пешин Ладо Гургенидзе ситоиш кард.

Бархе аз коршиносони маҳаллӣ ва раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар аз тағйири сарвазир дар вазъи душвори феълӣ интиқод карданд. Саломе Зурабашвилӣ, собиқ вазири умури хориҷаи Гурҷистон ва раиси ҳизби “Роҳи Гурҷистон” изҳор намуд, Григол Мгалоблишвилӣ, ҳарчанд ҷавони тавонманд аст, аз таҷрибаи кор дар бахши иқтисод ва молия бархурдор нест. Ба гуфтаи хонум Зурабашвилӣ, “баъд аз ҷанг ва дар вазъи басо сангини сиёсӣ ба курсии сарвазир пешбарӣ кардани шахси бетаҷриба - тааҷҷубовар аст”. Ӯ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар Гурҷистон сарвазирҳо зуд-зуд иваз карда мешаванд. Дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо Саломе Зурабашвилӣ гуфтааст, ки “табдили навбатии сарвазирро наметавон тағйири сиёсати Гурҷистон номид, зеро, аз нигоҳи ӯ, Михаил Саакашвилӣ лаҷоми ҳукуматро маҳкам дар даст дорад ва онро ба ихтиёри нафари дигар гузоштанӣ нест”.

Дар ҳамин ҳол, дигар аз ҳампаймонҳои пешини Михаил Саакашвилӣ, собиқ раиси порлумони Гурҷистон Нино Бурҷанадзе аз тасмимаш барои таъсиси ҳизби “Ҳаракати демократӣ - Гурҷистони воҳид” хабар дод. Рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ ӯ бозгашти худ ба сиёсатро бо шароити сангини вазъи дохилии кишвар марбут кард. Хонум Бурҷанадзе мутмаин аст, ки бӯҳрони феълӣ дар Гурҷистон паёмади иштибоҳҳои мақомоти кишвар аст. Маҳз ин иштибоҳҳо ва гомҳои бардоштаи мақомоти Гурҷистон, аз нигоҳи ӯ, ба афзоиши таъсири Русия дар минтақа мусоидат кардаанд. Нино Бурҷанадзе бо таассуф афзуд, ки дар Гурҷистон ба ҷои давлати демократӣ як режими худкома бунёд шудааст ва аз ин рӯ ҳизби ӯ - “Ҳаракати демократӣ - Гурҷистони воҳид” ҳизби мухолифи ҳукумат хоҳад буд. Хонум Бурҷанадзе гуфт, ки қарор аст анҷумани нахустини ҳизби нав рӯзи 23 ноябр, дар панҷумин солгарди “инқилоби садбаргӣ” доир шавад.

Зимнан, рӯзҳои ахир расонаҳои Тифлис ҳарчӣ бештар дар он бора ҳадс мезананд, ки гӯё Ғарб талоши табдили раҳбари феълии Гурҷистонро дорад. Ва баъзе аз ин расонаҳо, Нино Бурҷанадзеро аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раисҷумҳур мехонанд. Худи Бурҷанадзе мутмаин аст, ки ин мавзӯъ на дар Ғарб ва на дар Русия, балки бояд дар худи Гурҷистон ҳаллу фасл шавад. Дар сӯҳбат бо радиои BBC ӯ гуфтааст, ки интихоби раисҷумҳур ва ҳукумат - ҳаққи мардуми Гурҷистон аст. Нино Бурҷанадзе афзудааст, ки дар ягон кишвари демократии ҷаҳон баъди аз даст додани як бахши қаламрав раҳбарият сари қудрат боқӣ намемонад. Ва аз ин рӯ, аз нигоҳи Нино Бурҷанадзе, дар Гурҷистон бояд интихоботи раёсатиҷумҳур баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG