Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихобот дар Исроил мушаххас шуд


Интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ дар Исроил 10 феврали соли 2009-ум баргузор мешавад. Дар ин бора имрӯз фраксияҳои асосии Кнессет ба тавофуқ расиданд. Рӯзи интихоботи нав расман дар иҷлосияи порлумон рӯзи 11 ноябри соли равон эълон хоҳад шуд.

Сипи Ливнӣ, вазири умури хориҷа, ки баъд аз истеъфои сарвазир Эҳуд Олмерт раҳбарии бузургтарин ҳизб дар Кнессет –“Кадима”-ро бар дӯш дорад, барои ташкили ҳукумати нав муваффақ нашуд ва аз раисиҷумҳур Шимон Перес хостори таъини интихоботи нави порлумонӣ гардид. Раиси ҷумҳур баъди машварат бо раҳбарони сиёсии кишвар баргузории интихоботи қабл аз вақтро ногузир хонд.

XS
SM
MD
LG