Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи рӯзноманигорон ба ҳукумат


Рӯзноманигорони тоҷик унвонии Ҳукумати Тоҷикистон нома ирсол дошта, хоҳиш намудаанд, то ба мушкили бебарқии расонаҳо дар фасли сармо расидагӣ кунад.

Дар ҳоле ин муроҷиатнома ба ҳукумат ирсол мешавад, ки чанд рӯз қабл рӯзноманигорон бо баргузории як мизи гирд «Мушкилоти иттилоърасонӣ дар шароити бӯҳрони энержӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалл»-и онро ба риштаи таҳлил кашида буданд. Рӯзноманигорон зарурати иттилоърасониро аз замонати амниятии кишвар дониста, аз ҳукумат тақозо намудаанд, то бинои идораҳои чопхонаҳо, радиову телевизион бавижа, маҷмаъи Шарқи Озодро ба феҳраси муассисоти дорои аҳамияти стротежӣ дохил намоянд.

Инчунин, дар бандҳои дигари муроҷиатнома гуфта шудааст, ки ҳукумат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ барои журналистон дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон марказҳои иттилоърасонӣ бо фароҳам овардани имконот таъсис бидиҳад, то рӯзноманигорони маҳаллӣ дар шароити эҳтимолии бӯҳрони энержӣ битавонанд, хабару гузориш омода намоянд.

Ташкили ситоди назорати ҷамъитӣ аз ҳисоби масъулини соҳаи барқ, намояндагони расонаҳои хабарию созмонҳои ҷамъиятӣ ва талаби он ки ширкати Барқи тоҷик моҳе ду маротиба бо ҳузури васеъи намояндагони ВАО ба хотири шаффофият нишаст баргузор намояд, аз бандҳои дигари муроҷиатномаи рӯзноманигорон маҳсуб меёбад.

Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон мавсум ба «Афрӯз», ки масъулияти баргузории нишасти мазкурро бар дӯш дошт, ҳадафи таҳияи мактуби дастаҷамъиро ба хотири эҷоди шароити мусоид барои фаъолияти расонаҳо унвон намуд. Ӯ афзуд, ки онҳо умед доранд, ки ҳукумати кишвар ба хотири таъмини амнияти иттилоотӣ ба мушкили рӯзноманигорон расидагӣ хоҳад намуд.

XS
SM
MD
LG