Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи навбатии барномаи Садои Ҳамватан шомили матолиби зайл аст:

-Дар Сибири Русия муҳоҷирони тоҷик ба молдорӣ машғул мешаванд.

-Дар остонаи зимистони соли ҷорӣ баъзе хонаводаҳо дар Панҷакент мехоҳанд ба Русия муҳоҷират кунанд. Чаро?

-Тоҷикони бумӣ ё таҳҷоии Қирғизистон савту оҳангҳои тоҷикиро ҳифз мекунанд.

-Муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав ронандагии таксиро аз кор дар сохтмон бартар мешуморанд.

Муҳоҷирони кории тоҷик дар ҷустуҷӯи кор ва пайдо кардани василаи гузарони зиндагӣ то ба Сибири Русия рафтаанд. Дар ин минтақа дар баъзе аз соҳаҳо, масалан чорводорӣ, мардуми маҳаллӣ камтар кор мекунанд ва онро дар иқлими сармои Сибир даромаддиҳанда намедонанд. Вале тоҷикони муҳоҷир бо собиқаи кори кишоварзӣ ва молдорӣ, ки дар Тоҷикистон доштаанд, мехоҳанд аз ин соҳа дар Сибир низ суд ба даст оранд. Онҳо дар ин кор то чӣ андоза муваффақ шудаанд. Посух ба ин суолро дар гуфтугуи телефонии мо бо Минҳоҷиддин Каримов, раиси ҷамъияти "Сомониён"-и Новосибирск, хоҳед шунид.

Дар Сибир мардум аз сармо тарс надоранд. Онҳо бо маводи сухт ва барқ таъминанд. Вале дар Тоҷикистон дар ин ду соли ахир сармои зимистон баъзе аз хонаводаҳоро нигарон кардааст. Бо назардошти сармои бесобиқаи соли гузашта ва набуди барқу гоз ё сухти дигар имсол баъзе муҳоҷирони мавсимии баргашта мехоҳанд дубора бо аъзои хонаводаи худ ба Русия баргарданд. Ҳамкори мо Шоҳини Равшан дар ин бора аз Панҷакент гузориш омода кардааст.

Дар шумораи навбатӣ ҳамкори мо Мирасрори Фарғонӣ дар Бишкек дар идомаи силсилагузоришҳо роҷеъ ба ҳаёти тоҷикони Қирғизистон гузорише дар бораи як овозхони тоҷик пешкаш кардааст.

Бо гузашти чанд сол аз муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия, онҳо акнун кам-кам шароити маҳалро меомӯзанд ва барои худ корҳои беҳтаре интихоб мекунанд. Гарчӣ ронандагии таксӣ дар Маскав кори муътабар нест, вале аз истисмор дар корҳои сохтмонӣ ё ба қавле "кӯчарубӣ" бартарӣ дорад. Солҳои пеш ҳангоми гашту гузори маъмулӣ дар Маскав дар бадани ҷавонони кӯҳистони дурафтодаи тоҷик вараҷа медамид. Онҳо ҳамеша зери фишори раҳгум задан ё бо пулис чашм ба чашм шудан худро нороҳат эҳсос мекарданд ва медонистанд, ки рӯ ба рӯ шудан бо пулиси Маскав чӣ пайомадҳо хоҳад дошт. Вале имрӯз ҳар муҳоҷир, ки барои кори ронандагӣ ё таксистӣ ҷуръат пайдо мекунад, дар ин шаҳри бузург метавонад, ба истилоҳ, ризқи худро пайдо кунад. Ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар минтақаи Рашт бо яке аз чунин ронандаҳои таксӣ дар шаҳраки Ғарм мусоҳиб шуд ва гузорише таҳия кард.

Ёдовар мешавам, ки ин барнома шоми шанбеву якшанбе соъати 20:30 дақиқа ва субҳи якшанбеву душанбе соъати 8:30 дақиқа пахш мешавад.

XS
SM
MD
LG