Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис хилофи ҳузури Сухуми ва Схинвал дар Женева


Дар сурати ҳузури ҳайатҳои Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар машваратҳои байнулмилалӣ дар Женева Тифлис дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард. Дар ин бора муовини вазири хориҷаи Гурҷистон Григол Вашадзе дар Тифлис, қабл аз мулоқот бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо Пиер Морел хабар дод.

Мавзӯъи аслии музокироти Женева, ки таҳти сарпарастии Иттиҳодияи Аврупо ва СММ мегузарад, таъмини амният дар Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ эълон шудааст. Русия пойфишорӣ дорад, ки Сухуми и Схинвали чун ҷонибҳои расмии музокироти Женева шинохта шаванд ва аммо Тифлис ба ин пешниҳод қатъӣ мухолиф аст.

Ду ҳафта пеш нишасти нахустин дар Женева бино ба мавқеъи Гурҷистон ноком шуд. Қарор аст, музокироти навбатӣ рӯзи 18 ноябр доир шавад.

XS
SM
MD
LG