Пайвандҳои дастрасӣ

Юлия Тимошенко даъвои худро аз додгоҳ бозхонд


Эътилофи Юлия Тимошенко аз даъвои худ дар баробари амри раисиҷумҳури Укроин даст кашид. Вакили порлумон аз ин Эътилоф Валерий Писаренко хабар дод, ки онҳо аризаи худ дар бораи амри Виктор Юшенко оид ба пароканда кардани Верховная Рада ва таъини интихоботи навро аз додгоҳ бозхонданд, зеро раисиҷумҳур амрашро лағв кардааст. Ба думболи ин додгоҳи минтақаии Киев парванда алайҳи раисиҷумҳурро қатъ кард.

Эътилофи Юлия Тимошенко дар аризаи худ амри Виктор Юшенко дар бораи пароканда кардани Верховная Радаро ғайриқонунӣ хонда буд, зеро то он замон порлумони феълӣ камтар аз як сол фаъолият карда буд.

XS
SM
MD
LG