Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон дар Ҳурмуз бандари нав бунёд кард


Мақомоти Эрон дар бораи ифтитоҳи бандари нави баҳрӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар доданд. Киштиҳо ба халиҷи Форс маҳз аз тариқи ин гулӯгоҳ ворид мешаванд. Родиёи давлатии Эрон гуфтаҳои фармондеҳи флоти ҳарбӣ-баҳрии кишвар Ҳабибулло Сайёрро овардааст, ки ташкили бандари нави бузург “маънии зуҳури хатти нави дифоъ”-ро дорад. Адмирал Сайёр изҳор намуд, ки аз ин баъд Эрон “метавонад аз вуруди ҳама гуна киштиҳои барои кишвар номатлуб ба халиҷи Форс ҷилавгирӣ кунад”. Зимнан, интиқоли бахши аъзами нафти ҷаҳон аз тариқи гурӯгоҳи Ҳурмуз сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG