Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои интернетӣ алайҳи дахолати ҳукуматҳо


Бузургтарин ширкатҳои интернетии ҷаҳон дар мавриди ҷорӣ кардани “қавонини умумии рафтор” дар Интернет ба созиш расиданд. Қавонини нав, ки аз сӯи ширкатҳои Google, Yahoo и Microsoft таҳия шудаанд, бояд ба озодии баён мусоидат ва аз дахолати ҳукуматҳо ба шабакаи ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунанд. Гуфта мешавад, чораҳои нав ба қабули тасмимҳое аз сӯи правайдерҳо мусоидат хоҳад кард, ки ба ҳукуматҳо барои дахолат ба Интернет ва, аз ҷумла, барои дастрасӣ ба маълумоти инфиродӣ имкон надиҳанд. Интизор меравад, ки “қавонини умумии рафтор” дар Интернет ин ҳафта пазируфта шаванд.

Таҳияи ин қавонин – посух ба интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ширкатҳои Google и Yahoo аст, ки барои ҳамкорӣ бо мақомоти Чин ва иҷрои чанд тақозои хилофи ҳуқуқи башари Пекин розӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG