Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TALCO ва Hydro ба нирӯгоҳи Шӯроб чашм медӯзанд


TALCO, ширкати алюминиуми Тоҷикистон ва ҳамкори норвегиаш - ширкати Hydro Aluminium тасмим гирифтаанд, таҳияи асноди иқтисодиву фаннии нирӯгоҳи Шӯробро муштаракан анҷом диҳанд. Таҳияи асноди фаннӣ нахустин гом дар роҳи эҳдоси нирӯгоҳ дониста мешавад, вале дар ин бора, ки оё ин ду ширкат дар иҷрои тарҳи тақрибан 900-миллиондолларии эҳдоси нирӯгоҳи Шӯроб низ саҳм хоҳанд гирифт ё хайр, хабаре дастрас нест.
Нирӯгоҳи Шӯроб бар фарози рӯдхонаи Вахш, 12 километр поёнтар аз маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун бунёд хоҳад шуд.
Баландии сарбанди ин нирӯгоҳ, тибқи лоиҳа, 83 метр ва иқтидори тавлидотиаш дар сол 3,1 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ баровард шудааст. Қаблан ба эҳдоси нирӯгоҳи Шӯроб Эрону Чин низ таваҷҷӯҳ нишон дода буданд.


XS
SM
MD
LG