Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Амрико аз Узбакистон


Амрико аз Узбакистон даъват кард, фаъоли ҳуқуқи башар Аъзам Турғунов ва хабарнигор Солеҳҷон Абдураҳмоновро билофосила аз зиндон раҳо кунад. Вошингтон гуфтааст, парвандаҳои ин ду нафар мунсифона муҳокима нашуд ва фаъоли ҳуқуқи башар метавонад ба шиканҷа рӯбарӯ шавад. Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Аъзам Турғунов рӯзи 23 октябр бо ҷурми тамаъҷӯӣ ва Абдураҳмонов дар таърихи 10 октябр бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир даҳсолӣ ҳукми зиндон гирифтаанд. Вазорати хориҷаи Амрико дар мавриди адами расидагии мунсифона дар қиболи ҳарду қазия изҳори таассуфи амиқ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG