Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун имрӯз ба Фаронса сафар мекунад


Имрӯз сарвазири Бритониё Гордон Браун ба хотири мулоқот бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва баррасии масоили бӯҳрони молӣ озими Порис мешавад. Иттиҳодияи Аврупо, ки раёсати давраияшро Фаронса бар ӯҳда дорад, дар ҳоли ҳозир талош дорад, як стротежии муштараки муқобила бо ин бӯҳронро таҳия кунад. Сафари Браун ба Фаронса дар ҳоле сурат мегирад, ки дирӯз уфти қиматҳо дар бозорҳои молии Аврупо ҳамчунон идома кардааст.
XS
SM
MD
LG