Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши нигарониҳо ва пойинравии қиматҳо


Афзоиши нигарониҳо дар бораи эҳтимоли ба рукуди иқтисодӣ рӯбарӯ шудани кишварҳои бузурги дар ҳоли рушд боиси боз ҳам пойинтар рафтани қиматҳо дар бозорҳои молӣ шуд. Нархи нафт ба 63 доллару 22 сент баробар шуд, ки пойинтарин қимат дар 18 моҳи охир мебошад. Никеӣ, шохиси аслии бозори Ҷопон, барои нахустин бор дар 26 соли охир аз 7000 нуқта пойин омад. Рӯзи душанбе шохисҳои умдаи бозорҳои молии Аврупо низ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, шохиси саноатии Дав Ҷонс, як нишондиҳандаи умдаи бозори молии Амрико, дирӯз 2,4 фоиз пойин рафт.
XS
SM
MD
LG