Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафт то 63 доллар пойин рафт


Нархи нафт дар бозори Ню-Йорк 93 сенти дигар арзонтар шуда, арзиши як бушкааш ба 63 доллару 22 сент баробар шуд. Ин пойинтарин нархи нафт аз моҳи майи соли 2007 ба ин сӯст. Бо ин ҳол, рӯзи душанбе уфти шохисҳои умдаи бозорҳои молии Осиёву Аврупо ва Амрико идома ёфт. Шохиси саноатии Дав Ҷонс, як нишондиҳандаи умдаи бозори молии Амрико, дирӯз беш аз 200 нуқта, ё 2,4 фоиз пойин рафт.
XS
SM
MD
LG