Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бародаӣ хостори ҳамкории бештари Эрон шуд


Муҳаммад Бародаӣ, раиси Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, гуфт, ин созмони вобастаи Милали Муттаҳид қодир нест, дар амри расидагӣ ба нигарониҳои мавҷуда дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ба пешрафти назаррас даст биёбад. Бародаӣ Эронро ба тазмини шаффофияти бештари барномаҳои ҳастаияш даъват кард ва он кишварро итминони хотир дод, ки Ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ муштоқи ҷустани маълумот дар бораи фаъолиятҳои низомии маъмулӣ ва мушакии Теҳрон намебошад. Кишварҳои Ғарб мегӯянд, фаъолиятҳои ҳастаии Эрон сохтани силоҳҳои ҳастаиро ба ҳадаф доранд, аммо Теҳрон мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG