Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Гурҷистон иваз мешавад


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ сарвазир Ладо Гургенидзеро аз мақомаш барканор карда ва ба ин симат Григол Мгалобишвилӣ, сафири Тифлис дар Туркияро пешниҳод кардааст. Саакашвилӣ гуфт, вақте Гургенидзе дар соли гузашта ба мақоми сарвазир таъйин шуд, медонист, ки дар ин симат танҳо як сол ифои вазифа хоҳад кард. Саакашвилӣ гуфт, Гургенидзе акнун раҳбари кумиссиюне мешавад, ки масъулияти назорат бар истифода аз кӯмаки донорҳо ба эъмори баъдиҷангии Гурҷистонро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Ҳафтае пеш донорҳои Гурҷистон дар анҷумани Бруксел ба ин кишвар чоруним миллиард доллар ваъдаи кӯмак карданд.
XS
SM
MD
LG