Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нино Бурҷанадзе ба мухолифин пайваст


Нино Бурҷанадзе, ки дар гузашта аз муттаҳидони наздики раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили маҳсуб мешуд, давлатро дар иштибоҳот дар ҷараёни низоъи миёни Гурҷистону Русия айбдор кард ва гуфт, як ҳизби мухолиф таъсис медиҳад. Нино Бурҷанадзе, раиси собиқи парлумони Гурҷистон гуфт, ба саҳнаи сиёсӣ баргашта, ҳизби наверо бо номи Ҷунбиши демократӣ - Иттиҳоди Гурҷистон созмон хоҳад дод. Хонум Бурҷанадзе якпорчагии Гурҷистон, арҷгузорӣ ба арзишҳову суннатҳои миллӣ, арзишҳои Евро-Атлантик ва демократияи ғарбиро заминаи ақидатии ҳизбаш унвон кард. Қарор аст, ҳизби Бурҷанадзе рӯзи 23 ноябр, дар солгарди “инқилоби садбаргҳо” расман таъсис биёбад.
XS
SM
MD
LG